" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 35.175.191.36
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow НАВИГАРИҲО arrow Одобномаи шахрванди электрони (эТИКет)
Одобномаи шахрванди электрони (эТИКет) Версия для печати

 

Мо аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ ҳам бояд пурра риоя гарданд.

Меъёрҳои ҳамин одобнома ҳам дар муошират бо телефони ҳамроҳ (мобилӣ) ва ҳам дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет татбиқ мегарданд.

Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур эТИКет аст, ки аз калимаҳои «мобикэт», «нетикэт», ки дар маҷмуъ одоб ё этикети дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-ро ифода менамоянд, таркиб ёфтааст.

 

  1. Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифодаю татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ авлавият доранд.
  2. Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои виртуалӣ ҳам, новобаста аз макону замон, ҳатмианд.
  3. Риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунҳои миллӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ низ ҳатмианд.
  4. Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК ҳам бояд риоя гардад, аз ҷумла муроҷиаткунанда бояд худашро муаррифӣ намуда, мақсади муроҷиати худро ба таври кӯтоҳ ва возеҳ фаҳмонад.
  5. Риояи одоби истифодаи сарчашмаҳо ва манбаъҳо тавассути ТИК низ ҳатмӣ мебошад.
  6. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ низ ҳатмианд.
  7. Муоширати дурударози безарурат бо телефон ва дигар воситаҳои алоқа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷоиз нест.
  8. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути ТИК истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ қобили қабул нест.
  9. ТИК бояд тарзе истифода шавад, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонад.
  10. Ба таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат расидан ва аз он истифода бурдан мумкин нест.
  11. Маълумоти шахсии инсон дар фазои виртуалӣ ҳам дахолатнопазир буда, истифодаи беиҷозати он мумкин нест.
  12. Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК низ асардуздӣ (плагиат) манъ аст.
  13. Сухан ва маълумоти шахси дигарро таҳриф ва коста намудани мазмуни он мумкин нест.
  14. Ба воситаи ТИК спам (ҳарзанома) фиристодан мумкин нест.
  15. Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, тӯҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои манфӣ манъ аст.
  16. Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва гендерӣ дар фазои виртуалӣ низ манъ аст.
  17. Аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон суйистифода кардан ҷоиз нест.
  18. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва ниёзмандон вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
  19. Шарҳу посухи беодобонаю ғайриқонунии маълумоти дигарон манъ аст.
  20. Ҳар шахс барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.
  21. Ҳар шахс барои вайрон намудани одоб дар фазои виртуалӣ низ бояд масъулият ҳис намояд.
ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
АХБОРОТ
08.09.2017. Тухфа бахшида ба 26-солагии Рузи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
31.08.2017. Рузи Дониш ва Иди Курбон муборак!

23.06.2017. Тухфа бахшида ба Иди сайиди Рамазон ва 20 - солагии Рузи вахдати милли!
Азнавбакайдгирии муштариён!

08.05.2017. 72-солагии Рузи Галаба дар Чанги Бузурги Ватани муборак!
01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард!

21.03.2017 – Тухфаи Наврузи аз “Вавилон-Т”!
07.03.2017. РУЗИ МОДАРОН МУБОРАК!
09.02.2017. Корхои техники!

30.12.2017. Соли Нави 2017 муборак! Тухфа ба муштариён ба НТ бо назардошти трафик!!!

Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021