" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 3.235.223.5
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
ХИЗМАТРАСОНИҲО
АСОСӢ arrow ХИЗМАТҲО arrow Хизматрасониҳои провайдерони алоқа
Хизматрасониіои провайдерони алока Версия для печати

Хизматрасониҳои провайдерони алоқа.

Ширкати Телекоммуникатсионии «Вавилон-Т» - ҳамчун калонтарин танзимгари алоқаи миллӣ  дар Тоҷикистон ба дигар танзимгарони тоҷик хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:

Ширкати Телекоммуникатсионнии «Вавилон-Т»  барои доираи васеъи танзимгарон ва  ихтисосҳои гуногун маҷмӯи васеи хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд. Ҳамкорӣ бо «Вавилон-Т» ба танзимгарон имконият медиҳад, ки маҷмӯи хизматрасониҳоро аз як дастраскунанда, бо оғози дастрасгардонии комплекси  таҷҳизот барои истифодаи телекоммуникатсионии лоиҳа ва тайёр намудани  ҳуҷҷатҳои гуногун, то маҷмӯи хизматрасониҳои хозиразамони мӯҷтамаъи алоқаро ба даст оранд. Ташрифоварии васеи географии «Вавилон - Т» ба  муштариёни минтақавии мо имконият медиҳад, ки доираи тиҷорати шахсии худро  васеъ намоянд.           

Шарикӣ  бо операторони пешқадами телекоммуникатсионии россиягӣ ва байналхалқӣ ба мо имконият медиҳад, ки ба муштариён тарофаҳои муносиб ва хизматрасониҳои босифати баробар ба стандартҳои ҷаҳониро пешкаш намоем. Телепорти ширкати мо дар минтақаҳои калонтарини ҷумҳурӣ қарор доранд.

 Дар ҷумҳурӣ шабакаи калонтарини РРЛ сохта шудааст. Шабакаи мазкур имконият медиҳад, ки  шабакаҳои рақамии масштабии MAN бунёд карда шаванд ва инчунин ба инфрасохторҳои гуногун каналҳо ба иҷора дода шаванд. Дар пойтахт ва марказҳои минтақавии ҶТ шабакаҳои нахи нурии (оптоволоконӣ) (SDH/SONET/IP Ethernet Metro) паҳн карда шудаанд, ки бо  онҳо васлшавӣ ба хамаи нуктаҳои шахрҳои мазкур имконпазир мегардонанд.

Муштариён ва шарикони мо  ширкатҳои алоқаи мобилӣ, танзимгарони алоқаи бақайдгирифташуда, провайдерҳои хизматрасониҳои Интернет ва провайдерҳои хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Хизматрасониҳо:

Гузаронидани трафики махаллӣ, минтақавӣ, байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ аз ҷумла бо технологияи VoIP;

 Ҷойгир намудани таҷҳизот дар майдончаи техникии Вавилон-Т;

Иҷораи  каналҳо ва интиқоли маълумот;

Интиқоли маълумот бо ҳамагуна суръатнокӣ;

Қарор  «бо калид барои танзимгарони алоқа»;

Фурӯши таҷҳизот.

 

ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
ОПРОСЫ
Как вы оцениваете услугу приема платежей посредством Web Money
Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021