01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард! |
|
Ширкати «Вавилон-Т» бо дархости зиёди муштариён, аз санаи 1 – май,
пайвастнамоии муштариёнро бо технологияи LTE оғоз намуд ва фурӯши
модемҳои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус"-ро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монд!
Бояд қайд кард, ки низоммеъёри нави LTE TDD бори нахуст дар Тоҷикистон
ба истифода дода шуда, таҳаввулотро дар технологияи 4G бо беҳтарин
сифатҳои технологияи WiMAX ба вуҷуд овард. Низоммеъёри LTE имконият
медиҳад, ки дар тарофаҳои нақшавӣ суръати интиқоли бесими маълумот то 10
Мбит/с афзоиш ёфта, ҳаҷми трафики истифодашаванда бо Интернет -
бастаҳои иловагӣ васеъ карда шаванд. Инак, пайвастнамоии муштариёни
нахустин оғоз ёфт ва ширкат тасмим гирифт,ки ба муштариён дар баробари
LTE – модем: Huawei B310s трафики якмоҳаи пардохтшудаи EVO1 тӯҳфа
намояд. Шитобед то дер накунед. Шумораи модемҳо маҳдуданд.
Нигаред ба: http://babilon-t.tj/?option=com_tariffs&id=5
|