" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 44.192.254.246
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow НАВИГАРИҲО arrow Чамъбасти озмуни «Сомонаи бехтарин дар бораи Чумхурии Точикистон»
Чамъбасти озмуни «Сомонаи бехтарин дар бораи Чумхурии Точикистон» Версия для печати

15 феврали соли 2012 дар бинои асосии ширкати Вавилон озмуни «Сомонаи беҳтарин дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур 12 сомонаи арзанда ва дорои хусусиятҳои ба худ хос пешниҳод карда шуда буд. Ба хотири махфият ва шаффоф гузаштани озмун, ҳамаи ному насаби ширкаткунандагон махфӣ нигоҳ дошта шуда, ба ҳар яке  аз онҳо рақамҳои махсуси ID  дода шуданд.  Доварон тариқи овоздиҳӣ миёни 12 сомона се сомонаи беҳтаринро интихоб намуданд.
     Баъд аз
ҷамъбасти натиҷаи озмун ба финалистони озмун дар ҳолати тантанавӣ, дар ҳузури меҳмонони зиёд, намояндагони васоити ахбори умум ва телевидение тӯҳфаҳо супорида шуданд.

Мувофиқи овоздиҳӣ ҷойҳо чунин муайян карда шуданд:
 
    Ҷои якум насиби Рӯзиев Бахтиёр, Нуров Маъруф ва Ҳусайнов Меҳрубон, ки дар бунёди сомона якҷоя фаъолият намудаанд, дода шуд. Ба онҳо ҳамчун ғолиби ҷои аввал тӯҳфаи пулӣ ба андозаи 5 000 сомонӣ тақдим карда шуд. Сомонаи мазкурро дар нишонии  http://0003.tojikiston.com  тамошо кардан мумкин аст.
Ҷои дуввум сазовори Азимов Далер - ҷавонтарин иштирокчии озмун  гардид. Номбурда соҳиби 3000 сомонӣ тӯҳфаи пулӣ гардид. Сомонаи ғолиби ҷои дуввум http://0012.tojikiston.com  ном дорад.
   Наврузи Абдурахмон бо силки http://0004.tojikiston.com созовори 
ҷои сеюм дониста шуд. Номбурда соҳиби  2000 сомонӣ гардид.

    Инчунин ба ҳамаи шикаткунандагон тӯҳфаҳои сувинирӣ аз гурӯҳи шикатҳои Вавилон супорида шуданд. Сомонаҳое, ки миёни дигар сомонаҳо фарқкунанда буданд ва овози бештар гирифтанд сазовори тӯҳфаҳои махсус дониста шуданд. Бо қарори ҳайати доварон ба Қурбонов Бахтовар, Шокиров Фируз,  Қодиров Аҳмадҷон ва  Раҳимову Азим  телефонҳои CyberPhone  USB аз ширкати «Вавилон-Т»  ва маҳсулоти сувинирӣ тақдим карда шуданд.
   Бахусус сомонаи Курбонов Бахтовар барои ихтироъ намудан ва дар сомонаи худ
ҷой намудани  Якумин низоми миллии навигатсияи ройгон ба забони тоҷикӣ, ки мавсуф Ниҳон ном гузоштааст, махсус қайд карда шуд.  Бо кори ӯ дар сомонаи http://0009.tojikiston.com шинос шудан мумкин аст.

Директори телевизиони кӯдаконаи «Бахористон» Зевар Давлатова ғолибон ва иштирокчиёнро табрик намуда, чунин зикр намуд: «Озмуни мазкур боз як бори дигар собит сохт, ки ҷумҳурии мо чи қадар ҷавонони соҳибистеъдод ва муттахассиони хуб фаъолият мекунанд. Ҷои зикр аст , ки биёре аз инҳо муҳассилини мактаби машҳури Технологияи Иттилоотӣ ва Телекоммуникатсионӣ ба ҳисоб мераванд. Ин далолат ба он мекунад, ки чунин навъи мактабҳо ба мо хеле муҳим ва зарур аст». 
    Директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев дар суханронии табрикоти худ изҳор дошт, ки «Саҳм гузоштан дар рушди технологияи иттилоотӣ, ин пеш аз ҳама саҳмгузор будан дар тарбияи ахлоқии насли ҷавони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам яке аз бахшҳои асосии фаъолияти ширкати мо мусоидат намудан ба рушди мутаносиби ҷамъият, пайдо намудани кадрҳои ҷавони соҳибистеъдод ва баланд бардоштани маданияти иттилоотии муосири ҷамъияти Интернет ба ҳисоб меравад».

Ҳамаи ғолибонро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ширкаткунандагон миннатдорӣ изҳор менамоем!

ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
АХБОРОТ
08.09.2017. Тухфа бахшида ба 26-солагии Рузи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
31.08.2017. Рузи Дониш ва Иди Курбон муборак!

23.06.2017. Тухфа бахшида ба Иди сайиди Рамазон ва 20 - солагии Рузи вахдати милли!
Азнавбакайдгирии муштариён!

08.05.2017. 72-солагии Рузи Галаба дар Чанги Бузурги Ватани муборак!
01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард!

21.03.2017 – Тухфаи Наврузи аз “Вавилон-Т”!
07.03.2017. РУЗИ МОДАРОН МУБОРАК!
09.02.2017. Корхои техники!

30.12.2017. Соли Нави 2017 муборак! Тухфа ба муштариён ба НТ бо назардошти трафик!!!

Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021