" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 44.192.254.246
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow НАВИГАРИҲО arrow Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Точикистон» идома дорад!
Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Точикистон» идома дорад! Версия для печати


Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Тоҷикистон» идома дорад!

Шумо сари вақт сомонаи худро тайёр намуда, дархости худро барои иштирок дар озмун фиристода натавонистед? Ин тавр бошад имконияти худро аз даст надиҳед!  Бо дархости зиёди истифодабарандагон мӯҳлати ҷамъбасти Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Точикистон» то 31 декабри соли  2011 дароз карда шуд. Натиҷаи он моҳи январи соли 2012 эълон карда мешавад.

Ҳадафи озмун– бунёди сомона (сайт) бо мақсади рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи шаҳрвандон ва ҳаммилатони дар хориҷа қарор доштаи мо ба таърихи кишвар,  инъикоси мушкилиҳо ва пахши навидҳои Тоҷикистон,.

Ҳадаф аз бунёди сомона (сайт):

  • Ҷой намудани иттилооти дастрас ва холисона дар бораи Тоҷикистон, дар бораи таърихи бисёрасра ва муосири Тоҷикистон;
  •  Тарғиби идеяҳо, фаъолият ва меҳнати ҳамватанони мо чӣ дар замони қадим ва чӣ муосир;
  • Ихтироъи сомонаи шавқовару интерактивӣ бо истифода аз технологияи навтарин.

    Анкетаро барои ширкат дар Озмун дар сомонаи  http://babilon-m.tj/news/060711_0001.rar  ба даст оред.
Низомнома  дар бораи ОЗМУН-ро дар ин
ҷо ба даст оред  (ссылка)

Низомномаи Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Точикистон»

1. Ҳадаф ва вазифаҳо

    • Баланд бардоштани маданияти иттилоотии интернет-ҷамъияти муосир, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди тиҷорат ва ҷамъияти муосир;
    • Пайдо намудани мутахассисони беҳтарин ва моҳир дар соҳаҳои WEB-дизайн, WEB-барномасозӣ.

2. Муассисони Озмун
ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т»

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои доварон 

4.1. Довар (жюри) ҳуқуқ дорад:
- Дар сурати мувофиқ наомадани интенет-лоиҳа ба талаботи Низомномаи мазкур ба аризадиҳанда и
ҷозати ширкат дар Озмунро надиҳад;
- Иштирокчиро барои вайрон намудани
ӯҳдадориҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда аз ширкат дар Озмун маҳрум намояд;
Ба Иштирокч
ӣ дар мӯҳлати 2 рӯз оид ба  маҳрум намудани ҳуқуқи ӯ барои иштирок дар Озмун Огоҳинома  ба воситаи почтаи электронӣ  фиристад ё бо телефон хабар диҳад.
- маълумоти иловагиро аз иштирокч
ӣ дар бораи веб-сомона талаб намояд.
4.2. Жюри
ӯҳдадор аст:
- шароити баробар барои ҳамаи иштирокчиёни Озмун муҳаё созад;
- ҳангоми газаронидани Озмун шаффофияти (гласность) онро таъмин намояд.
4.3.Ҳайати доварон аз тарафи Муассисони Озмун муайян карда мешаванд.


5. Иштирокчиён ва мавзӯи Озмун

5.1. Дар Озмун ҳамаи хоҳишмандон ширкат варзида метавонанд.
5.2. Мавз
ӯи Озмун интернет-сомонае ҳисобида мешавад, ки аз тарафи ширкаткунандаи Озмун ихтироъ карда шудааст.
5.3.Иштирокчиён бояд лоиҳаи сомонаро пешниҳод намоянд ва анкета-аризаро пур кунанд.
5.4. Довталабоне, ки берун аз шаҳри Душанбе зиндагон
ӣ мекунанд кори худро метавонанд дар сомонаи: sharebox.tj   бо анкетаи пуркардашуда ҷой намуда (Шумо метавонед анкетаро дар инҷо дастрас намоед: http://babilon-m.tj/news/060711_0001.rar), маълумотро ба почтаи электоронии info@babilon-m.tj ирсол намоянд.

6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Иштирокчиён

6.1. Ҳуқуқи иштирокчиён:
- гирифтани маълумот дар бораи шартҳо ва тартиби гузаронидани Озмун;
- фиристодани дархост ба Озмун барои иштирок ва ба қайд гирифтан;
- дар ҳолати даст кашидан аз иштирок  на дертар аз се р
ӯз то анҷоми мӯҳлати қабули дархостҳо хабар додан.
6.2.
Ӯҳдадориҳои ширкаткунандагон:
- риояи қоидаҳо ва тартиботи муқаррарнамудаи Низомнома;
-дар сурати зарурият пешниҳод намудани маълумоти иловаг
ӣ дар бораи интернет-лоиҳа.
6.3. Як шахс ва ё г
ӯрӯҳи ашхос барои ширкат дар Озмун метавонанд танҳо як веб-сомонаро пешниҳод намоянд.



7. Механизми овоздиҳии Доварон:

7.1. Овоздиҳӣ ба таври алоҳида аз тарафи ҳар як аъзои доварон аз рӯи низоми 5-бала бо меъёрҳои баҳогузории зерин  гузаронида мешавад:
7.1. Дизайн (беҳтарин интерфейс ва ба расмиятдарории назарраси сомона);
7.2. Идея (хизматрасонии (сервис) нав, идеяи тоза, тематика ва ғайра);
7.3. Контент (ба таври шавқовар ва муфид пур намудани сомона);



8. Талабот ба веб-сомонаҳои довталабон

8.1. Агар веб-сомона ба номинатсияи эълоншуда мутобиқат накунад, жюри дар бораи ба қайд нагирифтан ба аризадиҳанда хабар медиҳад.
8.2. Веб-сомонаҳое, ки мундари
ҷаи иттилоотӣ надоранд ба қайд гирифта намешаванд.
8.3. Веб-сомонаҳое дорои даъват ба з
ӯрӣ, барангезиши муноқишаҳои байнимиллӣ, идеяи хусусияти нажодпарастӣ ва миллатчигидошта, баёни дағал, иттилооти парнографӣ ва ғайра мебошанд, қонунгузории Тоҷикистон онро манъ кардааст, ба Озмун роҳ дода намешаванд
8.4. Формати сомона: CSS, PHP, My SQL.
8.5. Веб-сомона бояд ба забонҳои то
ҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, дорои навигатсияи муносиб ва дохилии мантиқӣ бошад ва инчунин гаммаи ранга ва ягонагии ҳарфҳо (шрифт) ҳатман риоя карда шавад. 



9. Тартиби гузаронидани Озмун

9.1. Жюри корҳои вобаста ба баррасии маводҳои пешниҳодшуда мутобиқ ба Низомномаи мазкур ва натиҷаҳои гузаронидани Озмунро пеш мебарад.
9.2. Дархост барои ширкат дар Озмун бояд дар вақти муқарраршуда супорида шавад. Дархостҳо аз 29 июн то 31 декабри соли 2011 қабул карда мешаванд. Рад намудани дархост баъд аз буд шудани м
ӯҳлати барқароршуда баррасӣ намегардад ва шарҳ дода намешавад.
9.3. Корҳои ба Озмун пешниҳодшуда баргардонида ва ё пардохт карда намешаванд



10. Мӯҳлати гузаронидани Озмун 

10.1. Қабули корҳои Конкурсӣ аз 29 июн бо нишонии  Чапаева 31  бо ишораи «Озмун»  -беҳтарин интернет-сомона дар бораи Тоҷикистон» қабул карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ  ба рақами  (44) 600-57-57 занг занед.
10.4.  Дар бораи мукофотонидани ғолибон ба таври иловаг
ӣ хабар дода мешавад.
10.5 Фонди призии Озмун - 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Се
ҷой барои ғолибон ҷудо карда мешавад.    


ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
АХБОРОТ
08.09.2017. Тухфа бахшида ба 26-солагии Рузи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
31.08.2017. Рузи Дониш ва Иди Курбон муборак!

23.06.2017. Тухфа бахшида ба Иди сайиди Рамазон ва 20 - солагии Рузи вахдати милли!
Азнавбакайдгирии муштариён!

08.05.2017. 72-солагии Рузи Галаба дар Чанги Бузурги Ватани муборак!
01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард!

21.03.2017 – Тухфаи Наврузи аз “Вавилон-Т”!
07.03.2017. РУЗИ МОДАРОН МУБОРАК!
09.02.2017. Корхои техники!

30.12.2017. Соли Нави 2017 муборак! Тухфа ба муштариён ба НТ бо назардошти трафик!!!

Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021