" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 44.192.254.246
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow НАВИГАРИҲО arrow Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода»
Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода» Версия для печати

ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т» гузаронидани озмуни «Интернет-сомонаи беҳтаринро ба ифтихори 100-солагии  МирзоТурсунзода» эълон менамоянд.

 

Ҳадаф аз бунёди сомона:

- ҷой намудани иттилооти дастрас дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир, корҳо ва хонамузеи Устод.

- коркарди дизайн-сомонаи шавқовар мутобиқ ба технологияи навтарин.

- таъсиси имиҷи назми тоҷик барои насли наврас, муносибати боэҳтиромона ба таърих, маданият ва анъанаҳои миллии шоирони тоҷик.

 

Низомнома дар бораи Озмун

 

1.Мақсад ва вазифаҳо

 

Баланд бардоштани маданияти иттилоотии интернет-ҷамъияти муосир, оммафаҳм намудани технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди тиҷорат ва ҷамъияти муосир;

Пайдо намудани мутахассисони беҳтарин ва моҳир дар соҳаҳои WEB-дизайн, WEB-барномасозӣ.

2. Муассисони конкурс

ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т»

 

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои доварон

 

4.1. Довар (жюри) ҳуқуқ дорад:

- дар сурати ба талаботи Низомномаи мазкур мувофиқ наомадани интенет-лоиҳа ба аризадиҳанда иҷозати ширкат дар Озмунро надиҳад;

- Иштирокчиро барои вайрон намудани ӯҳдадориҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда аз ширкат дар Озмун маҳрум намояд;

Ба Иштирокчӣ дар мӯҳлати 2 рӯз баъд аз қабули қарор оид ба  маҳрум намудани ҳуқуқи ӯ барои иштирок дар Озмун Огоҳинома  ба воситаи почтаи электронӣ  фиристад ё бо телефон хабар диҳад.

- маълумоти иловагиро аз иштирокчӣ дар бораи веб-сомона талаб намояд.

4.2. Довар ӯҳдадор аст:

- шароити баробар барои ҳамаи иштирокчиёни Озмун муҳаё созад;

- ҳангоми газаронидани Озмун шаффофияти онро таъмин намояд.

4.3.Ҳайати доварон аз тарафи Муассисони Озмун муайян карда мешаванд.

 

5. Иштирокчиён ва мавзӯи Озмун

 

5.1. Дар Озмун ҳамаи хоҳишмандон ширкат варзида метавонанд.

5.2. Мавзӯи Озмун интернет-сомонае ҳисобида мешавад, ки аз тарафи ширкаткунандаи Озмун ихтироъ ва пешниҳод карда шудааст.

5.3.Иштирокчиён бояд лоиҳаи сомонаро пешниҳод намоянд ва анкета-аризаро пур кунанд. http://babilon-m.tj/news/060711_0002.rar

5.4. Довталабоне, ки берун аз шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекунанд кори худро метавонанд дар сомонаи:  sharebox.tj бо анкетаи пуркардашуда ҷой намуда, маълумотро бо ишораи «Сомона ба ифтихори 100-солагии М. Турсунзода» ба почтаи электоронии info@babilon-m.tj ирсол намоянд.

 

6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Иштирокчиён

 

6.1. Ҳуқуқи иштирокчиён:

- дар бораи шартҳо ва тартиби гузаронидани Озмун маълумот гиранд;

- дархост ба Озмун барои ширкат ва ба қайд гирифтан ирсол намоянд;

- дар ҳолати даст кашидан аз иштирок  на дертар аз се рӯз то анҷоми мӯҳлати қабули дархостҳо, хабар диҳад.

6.2. Ӯҳдадориҳои ширкаткунандагон:

- риояи қоидаҳо ва тартиботи муқаррарнамудаи Низомнома;

-дар сурати зарурият пешниҳод намудани маълумоти иловагӣ дар бораи интернет-лоиҳа.

6.3. Як шахс ва ё гӯрӯҳи ашхос барои ширкат дар Озмун метавонанд танҳо як веб-сомонаро пешниҳод намоянд.

 

7. Механизми овоздиҳии Доварон:

 

7.1. Овоздиҳӣ ба таври алоҳида аз тарафи ҳар як аъзои доварон ба таври алоҳида аз рӯи низоми 5 бала бо меъёри зерин гузаронида мешавад:

7.1. Дизайн (беҳтарин интерфейс ва ба расмиятдарории назарраси сомона);

7.2. Идея (хизматрасонии (сервис) нав, идеяи тоза, тематика ва ғайра);

7.3. Контент (ба таври шавқовар ва муфид пур намудани сомона);

 

8. Талабот ба веб-сомонаҳои довталабон

 

8.1. Агар веб-сомона ба номинатсияи эълоншуда мутобиқат накунад, доварон дар бораи ба қайд нагирифтан ба аризадиҳанда хабар медиҳанд.

8.2. Веб-сомонаҳое, ки мундариҷаи иттилоотӣ надоранд ба қайд гирифта намешаванд.

8.3. Веб-сомонаҳое, ки  дорои даъват ба зӯрӣ, барангезиши муноқишаҳои байнимиллӣ, идеяи хусусияти нажодпарастӣ ва миллатчигидошта, баёни дағал, иттилооти парнографӣ ва ғайра, ки хилофи қонунгузории Тоҷикистон мебошанд, ба Озмун роҳ дода намешаванд

8.4. Андозаи (формати) сомона: CSS, PHP, My SQL., на зиёда аз  20 Мбайт. (1 саҳифа на зиёда аз 100 КБ.)

8.5. Веб-сомона бояд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, дорои навигатсияи муносиб ва дохилии мантиқӣ бошад ва инчунин гаммаи ранга ва ягонагии ҳарфҳо (шрифт) ҳатман риоя карда шавад. 

 

9. Тартиби гузаронидани Озмун

 

9.1. Жюри корҳои вобаста ба баррасии маводҳои пешниҳодшударо мутобиқ ба Низомномаи мазкур ва натиҷаҳои гузаронидани Озмун пеш мебарад.

9.2. Дархост барои ширкат дар Озмун бояд дар вақти муқарраршуда супорида шавад. Дархостҳо аз 29 июн то 28 августи соли 2011 қабул карда мешаванд. Рад намудани дархост баъд аз буд шудани мӯҳлати барқароршуда баррасӣ намегардад ва шарҳ дода намешавад.

9.3. Корҳои ба Озмун пешниҳодшуда баргардонида ва ё пардохт карда намешаванд

 

10. Мӯҳлати гузаронидани Озмун

 

10.1. Қабули корҳои Конкурсӣ аз 29 июн бо нишонии  Чапаева 31  бо ишораи «Озмун»  -беҳтарин интернет-сомона бахшида ба 100 – солагии ёдбуди М. Турсунзода» қабул карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ  ба телефонҳои  (44) 600-57-57, (44) 620-20-11 занг занед.

10.4.  Дар бораи мукофотонидани ғолибон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

10.5. Фонди мукофоти Озмун - 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Се ҷой барои ғолибон ҷудо карда мешавад.  

 

 

 

 

ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
АХБОРОТ
08.09.2017. Тухфа бахшида ба 26-солагии Рузи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
31.08.2017. Рузи Дониш ва Иди Курбон муборак!

23.06.2017. Тухфа бахшида ба Иди сайиди Рамазон ва 20 - солагии Рузи вахдати милли!
Азнавбакайдгирии муштариён!

08.05.2017. 72-солагии Рузи Галаба дар Чанги Бузурги Ватани муборак!
01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард!

21.03.2017 – Тухфаи Наврузи аз “Вавилон-Т”!
07.03.2017. РУЗИ МОДАРОН МУБОРАК!
09.02.2017. Корхои техники!

30.12.2017. Соли Нави 2017 муборак! Тухфа ба муштариён ба НТ бо назардошти трафик!!!

Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021