" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 44.192.254.246
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow НАВИГАРИҲО arrow «Вавилон-Т» дар ноіияи Файзобод Маркази Интернетии ройгон таъсис дод
«Вавилон-Т» дар ноіияи Файзобод Маркази Интернетии ройгон таъсис дод Версия для печати


21 декабри соли 2010 дар деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббус ва сарпарастии ширкати «Вавилон-Т» Маркази Интернети ройгон ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора ба TojNews аз маркази матбуотии ширкати мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар толори калони мактаби мазкур бахшида ба кушодашавии Маркази Интернет чорабинии калони идона баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Файзобод  Абдулло Ҳакимов, муовини раиси ноҳия Саймӣ Раҷабова, мудири шӯъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа Файзулло Наҷмиддинов, роҳбари маркази кӯдакони лаёқатманди назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирҷон Гадоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Маҳмадулло Аминов, Директори иҷроияи ширкати «Вавилон-Т» Зокирҷон Мазардинов ва чанде дигарон ширкат доштанд.

Чорабини тантанавиро бахшида ба пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет директори мактаби №40 Саймуддин Шарофов ифтитоҳ намуда, ба Раёсати ширкати «Вавилон-Т» барои пуштибонӣ аз иқдоми сарвари кишвар дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Баъдан сарвари ноҳия А. Ҳакимов суханронӣ карда, ҳамагонро табрик гуфт ва арзи сипоси худро ба Директори генералии ширкати «Вавилон-Т» Беҳзод Файзуллоев изҳор намуда, ба директори иҷроияи ширкати «Вавилон-Т» З. Мазардинов аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Ифтихорномаи худро супорид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба оператори миллӣ пешниҳодкунандаи маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ дар бозори Тоҷикистон ширкати «Вавилон-Т» барои ройгон ба шабакаи ҷаҳонии «Интернет» пайваст кардани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Файзобод миннатдорӣ намуда, ба ҳайати кормандони ширкат барору комёбиҳо таманно менамояд. Бо эҳтиром, раиси ноҳияи Файзобод А. Ҳакимов».

Директори иҷроияи ҶДММ «Вавилон-Т» З. Мазардинов дар навбати худ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Ширкати «Вавилон-Т» бо мақсади дастгирии Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» бо як қатор мактабҳо ҳамкориро ба роҳ монда, саҳми худро дар рушду нумӯи онҳо гузошта истодааст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон мактаббачагон бо истифода аз технологияи муосир ва Интерет бо ҳамсолони худ, ки дар кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд, дар муошират қарор доранд. Тариқи Интернет онҳо бо якдигар шинос шуда, аз вазъи зиндагӣ ва пешравиҳои таҳсили якдигар огоҳ мегарданд. Маълум шуд, ки дар мактаб тариқи маркази интернетии мазкур аллакай хонандагони зиёд дар олимпиадаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида истодаанд.

- Ширкати Вавилон-Т дар тӯли фаъолияти худ ба барномаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудааст. Дар доираи барномаҳои мазкур ба шабакаи Интеренет зиёда аз 380 мактаби миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, техникумҳо, маҷмӯи эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон, марказҳои созгории кӯдакон-маъюбон ва ғайраҳо пайваст карда шудаанд ва минбаъд низ чунин иқдом идома хоҳад ёфт,- афзуд манбаъ.                  

Нилуфари КАРИМ
ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
АХБОРОТ
08.09.2017. Тухфа бахшида ба 26-солагии Рузи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
31.08.2017. Рузи Дониш ва Иди Курбон муборак!

23.06.2017. Тухфа бахшида ба Иди сайиди Рамазон ва 20 - солагии Рузи вахдати милли!
Азнавбакайдгирии муштариён!

08.05.2017. 72-солагии Рузи Галаба дар Чанги Бузурги Ватани муборак!
01.05.2017. Ширкати «Вавилон-Т» фуруши модемхои HUAWEI LTE CPE B310s "Парус" – ро огоз кард!

21.03.2017 – Тухфаи Наврузи аз “Вавилон-Т”!
07.03.2017. РУЗИ МОДАРОН МУБОРАК!
09.02.2017. Корхои техники!

30.12.2017. Соли Нави 2017 муборак! Тухфа ба муштариён ба НТ бо назардошти трафик!!!

Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021