" />
Babilon-T :: Logo
11IP: 3.235.223.5
На русском Контакты Карта Сайта Поиск
 
 
АСОСӢОИД БА ШИРКАТХИЗМАТҲО WiMAXТАРОФАҲОЛОИҲАҲОМИНТАҚАИ ФАРОГИРӢТАМОС
АСОСӢ arrow ДАР БОРАИ ШИРКАТ arrow Философияи ширкат
Философияи ширкат Версия для печати
Миссияи мо
Мо - оператори миллӣ, пешниҳодкунандаи маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои баландсифати телекоммуникатсионӣ дар бозори алоқаи Тоҷикистон мебошем.
Коллективи касбии ҳамақидаи мо  дар асоси мақсадҳои ошкоро ва боварӣ бунёд ёфта, ҳадафи аслии мо барқарор намудан ва дар амал татбиқ намудани муносибатҳои шарикӣ  бо мизоҷон барои қаноатманд гардонидани талаботи онҳо ба ҳисоб меравад.
Мор барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамоем.
Бо назардошти талабот ба фардо ширкати мо доираи васеи мизоҷонро бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои баландсифати алоқаи ҳозиразамон таъмин менамояд.
Рӯъёи мо
Мо кӯшиш намуда истодаем, ки дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон пешво бошем ва бо пешниҳоди маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо беҳтарин интихоб барои муштариёнем.
Муштариёни мо
Дар давраи фаъолияти худ ширкати  «Вавилон-Т» шарики боэътимоди бисёр ширкатҳои миллӣ ва байналмиллалӣ гаштааст. Муносибатҳои дарозмӯҳлат ва боваринок бо мизоҷони мо дар асосҳое бунёд меёбанд, ки ҳар як корманди ширкат онро пайгирӣ мекунад.:
Пурарзиштарин дастоварде,  ки мо дорем муштариёни мо ба ҳисоб мераванд.
Рушду пешравии мо ҳаматарафа ба муштариёни мо вобаста аст, Зеро маҳз муштариён бо вуҷуди пешниҳодҳои гуногуни ширкатҳои дигар хизматрасониҳои ширкати моро интихоб кардаанд.
Интизориҳои муштариёнро мо ба таври амалӣ собит месозем.
Муштариёни мо толиби технологияи навтарин, сатҳи хизматрасонии баланд ва ёрирасонии доимианд. Мо бошем ҳами ин дастовардҳоро  алакай барои онҳо муҳаё намудаем.
Мо ҳамеша омодаи кӯмак ба мизоҷонем
Беҳтарин мутахассисон дар соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон ба тамоми мушкилиҳои ба амаломада зуд таваҷҷғҳ зоҳир намуда, ҳалли онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин таъмин менамоянд.
 Муштариёни мо ба мо боварӣ доранд-Мо ҳақ надорем, ки онҳоро дар вазъи ногувор монем.
Муҳим нест, ки мо ба чӣ кор  машғулем-мактуб менависем, муштариро ба шабака пайваст менамоем ва ё шабакаи телефонии корпоративӣ ташкил мекунем-мо бояд ҳамаи инро дар мӯҳлати муайян ва ба таври касбӣ ташкил намоем.
Ширкати мо кӯшиш менамояд, ки шарики боэътимод дар соҳаи телекоммуникатсия барои ҳар як мизоҷ мебошад. Ширҳат ба зуди ҳама мушкилоти  марбут ба соҳаи телекоммуникатсияро ҳал менамояд, то ин ки муштарии мо тавонад ба таври зарура ва иқтидори муайян имконияти иҷрои ҳама фаъолияташро пайдо намояд.

 

ПОЧТА
ИСУУ
CyberPhone (NGN)
CyberNet (Internet)
Тел.: (992 44) 601-60-60, (992 44) 600-60-60 Факс: (992 44) 600-70-70 Email:
Copyright © ООО "Babilon-T", 2000-2021